Бозёфти ҷадиди олимон: куршапаракҳо коронавирусро дармон мекунанд
Олимони се кишвари Чин, Сингапур ва Амрико дар тарҳи илмии муштарак бо донишгоҳи "Синхуа"-и Пекин иддао карданд муваффақ ба шиносоии генеро дар кӯршапаракҳо шудаанд, ки метавонад барои сохти доруи зидди коронавирус муассир бошад.
Бино ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, гурӯҳе аз муттахасисон ва пизишкони ин се кишвар генеро ба номи "Каролоктун" дар кӯршапаракҳо ёфтаанд, ки ба бовари онҳо барои сохти доруе, ки битавонад коронавирусро дармон кунад, бисёр муфид хоҳад буд.
Донишгоҳи Синхуаи Пекин дар вебсайти худ гузорише дар ин бора мунташир карда ва овардааст: "ин ген ба муҳаққиқон ба шакли билқувва барои сохти дору кумак хоҳад кард".
Ба эътиқоди ин олимон, вируси бемории SARS, ки дар солҳои 2002 ва 2003 дар Чин ва Ҳонгконг шуюъ пайдо кард омили шуюи коронавируси 2019 будааст.
Олимон бо ишора ба инки ин генро дар кӯршапаракҳои сиёҳ пайдо кардаанд, овардаанд ин дастовард метавонад дар маҷмӯ ба пизишкон барои дастёбӣ ба доруе, ки вирусҳоро аз байн бибарад, кумак кунад.
Эътиқод бар ин аст, ки бисёр аз вирусҳое, ки боиси бемориҳои монанди зуком, зика ва дигар бемориҳо дар инсон шудаанд, ба ҳамин ген марбут аст.
Онҳо таъкид кардаанд, ки доруи короноии 19 бояд шабеҳи доруҳои дармони саратон бошад ва ин доруҳо генҳои махсусеро ки ҳуҷайраҳои саратонӣ ба он ниёз доранд, ҳадаф қарор медиҳад.