Апрел 06, 2020 17:47 Asia/Dushanbe
  • Кремл: Путин ҳанӯз ҳеҷ барномае барои тамос бо Трамп надорад

Сухангӯи Кремл эълом кард, раисиҷумҳури Русия ҳанӯз ҳеҷ барномае барои барқарории тамоси телефонӣ бо ҳамтои амрикоии худ надорад.

Ба гузориши ИСНА, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл имрӯз дар конфронси матбуотии телефонӣ гуфт, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ҳанӯз ҳеҷ барномае барои тамос бо Доналд Трамп, ҳамтои амрикоии худ, дар буҳбуҳаи уфти баҳои нафт надорад.

Вай дар бахши дигаре аз суханони худ гуфт, Русия омодааст то бо дигар кишварҳо барои барқарории субот дар бозори энержӣ, ҳамкори кунад.

Песков афзуд, Путин ҳамчунин дар ҳоли ҳозир барномае барои барқарории тамос бо Риёз надорад, аммо агар лозим шавад хеле сареъ иқдомоти лозим барои барқарории ин тамос анҷом хоҳад шуд.

Сухангӯи Кермл тасреҳ кард, Русия мӯътақид аст, ки кишварҳои ғайри ОПЕК бояд дар ростои суботи бозори нафт талош кунанд.

Вай гуфт, конфронси телефонии кишварҳои ОПЕК ва кишварҳои ғайри ОПЕК панҷшанбе (9 апрел) баргузор хоҳад шуд ва муқаддамоти он дар ҳоли анҷом аст.

Песков ҳамчунин гуфт, ки Путин ва Натаняҳу дар гуфтугӯи телефонӣ бар омодагӣ барои тақвияти ҳамоҳангӣ дар мубориза бо коронавирус таъкид карданд.