Апрел 07, 2020 09:10 Asia/Dushanbe
  • Бистарӣ шудани нахуствазири Англис дар бахши муроқибатҳои вижа

Борис Ҷонсон дар ICU (бахши муроқибатҳои вижа ) бистарӣ шуд.

Ба нақл аз ИСНО, Борис Ҷонсон, нахуствазирс Англис бо вахимтар шудани нишонаҳои бемории корона,  дар бахши муроқибатҳои вижа  бистарӣ шуд.  

Сухангӯи нахуствазири Британия эълом кард, ки аз нимаи дуввуми рӯзи душанбе вазъияти нисбии нахуствазир Ҷонсон бадтар шудааст ва ба тавсияи тими пизишкӣ ӯ ба бахши муроқибатҳои вижа дар бемористоне дар Лондон мунтақил шудааст.

Вай ҳамчунин афзуд: Нахуствазир аз Доминик Роб, вазири умури хориҷа хостааст, ки ҳидояти давлатро дар набуди  ӯ бар уҳда бигирад.

Сухангӯи нахуствазир ҳамчунин гуфтааст, ки Борис Ҷонсон як шаби роҳатро дар бемористон (Сент Томас) хоҳад гузаронд ва вай аз рӯҳияи хубе бархурдор аст.

Вай дар хусуси истифода аз ниқоби оксиген тавассути Ҷонсон изҳори назар накард, ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Англис дигар нишонаҳои бемории вайро хафиф ва одӣ намедонанд.