Маҳкумияти як шаҳрванди тоҷикистонӣ дар Русия ба таблиғи ифротгароӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i52494-Маҳкумияти_як_шаҳрванди_тоҷикистонӣ_дар_Русия_ба_таблиғи_ифротгароӣ
Мақомоти амниятии Русия аз ташкили парванда алайҳи як муҳоҷири тоҷик дар минтақаи Архангелск дар шимоли Русия ба иттиҳоми таблиғи терроризм ва ифротгароӣ хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 08, 2020 09:25 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти як шаҳрванди тоҷикистонӣ дар Русия ба таблиғи ифротгароӣ

Мақомоти амниятии Русия аз ташкили парванда алайҳи як муҳоҷири тоҷик дар минтақаи Архангелск дар шимоли Русия ба иттиҳоми таблиғи терроризм ва ифротгароӣ хабар доданд.

Ба нақл аз сомонаи русии Islam Today, мақомоти амниятии Русия муддаӣ ҳастанд, ки ин ҷавони 30-сола, ки исме аз ӯ бурда нашудааст, матолиберо дар заминаи фаъолиятҳои террористӣ дар як шабакаи иҷтимоӣ мунташир кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Хадамоти амнияти федерали Русия, ин шаҳрванди тоҷикистонӣ қаблан дар зиндони шумораи № 5 минтақаи Архангелск давраи маҳкумияти зиндонро сипарӣ кардааст.