Апрел 12, 2020 14:32 Asia/Dushanbe
  • Глобал Таймз: КОВИД-19 артиши Амрикоро заиф кардааст

Як расонаи англисизабони чопи Чин навишт: Густариши корона артиши Амрикоро заиф карда ва низомиёни 150 пойгоҳи низомии ин кишвар ба ин беморӣ мубтало шуданд.

Ба нақл аз Форс, бо вуҷуди паҳлу гирифтани як нови ҳавопаймобари Амрико дар як бандар ба далели шуюи корона байни хадамаи он ва бемори хидматгузорони мустақар дар як пойгоҳи мушакии атомии ин кишвар, артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар талош аст то ба рақибони худ бифаҳмонад, ки заиф нашудааст.

Ба навиштаи ин расона, Пентагон дар ҳоле талош дорад дар замони ибҳом дар мавриди вазъияти саломатии хидматгузорони низомии ин кишвар баёнияҳои зиёде содир кунад, ки 2031 аъзои неруҳои мусаллаҳи Амрико мубтало ба корона ҳастанд.

Ин дар ҳоле аст, ки Майк Мили- раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Амрико панҷшанбе гуфт, ки тасаввури рақибони Амрико бар асоси бартарӣ бар мо ба далели вируси корона иштибоҳ аст. Ин дар ҳоле аст, ки бино бар эъломи Пентагон дар маҷмӯъ ва бо ҳисоби кормандони ғайринизомӣ ва хонаводаҳои онҳо, то кунун 3366 нафар ба корона мубтало шудаанд.

Ба навиштаи ин вебгоҳ, бар хилофи ибтидо, ки Пентагон макони шуюи хидматгузорони низомии худ ба коронаро низ эълом мекард, аммо инак танҳо омори куллӣ ироа дода то душманони ин кишвар ба нуқтаҳои заъфи неруҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пай набаранд, аммо ба хубӣ равшан аст, ки нови ҳавопаймобари Теодор Розолт маҷбур ба паҳлу гирифтан дар ҷазираи Гуом шуда зеро 416 нафар аз маҷмӯи 4800 хидматгузори ин нов ба корона мубтало шудаанд.