Апрел 12, 2020 18:11 Asia/Dushanbe
  • Ватикан хостори лағви таҳримҳои Эрон шуд

Вазири умури хориҷаи Ватикан зимни иблоғи паёми раҳбари католикҳои ҷаҳон дар хусуси ибрози ҳамдардӣ бо мрадуми Эрон ба далели садамоти ношӣ аз коронавирус гуфт, бо Амрико дар бораи таҳримҳо алайҳи Эрон гуфтугӯ доштааст.

Дап паи дархости Эрон аз Поп Франсиск, раҳбари католикҳои ҷаҳон, Ватикан дар тамос бо мақомоти амрикоӣ хостори лағви таҳримҳои Эрон ба далели хурӯҷи коронавирус шуд.

Ба навиштаи пойгоҳи инртернетии шабакаи Press TV, Петро Паролин, вазири умури хориҷаи Ватикан дар тасоми телефонӣ бо Келли Крафт, намояндаи Амрико дар Созмони Милал хостори лағви таҳримҳои Вашингтон алайҳи Эрон шуд.

Чанде пеш Оятуллоҳ Алиризо Аърофӣ, мудири ҳавзаҳои илмияи Эрон дар паёме ба Поп Франсиск зимни ҳамдардӣ бо ҳамаи адён ва миллатҳо ба хотири хурӯҷи коронавирус, хостори ҳамкории ҳамаи марокизи мазҳабӣ ҷиҳати мубориза бо ин беморӣ шуд.

Паролин дар посух ба Оятуллоҳ Аърофӣ навишт, Папа Франсиск пас аз мутталеъ шудан аз ҷузъиёти ин нома аз вай дархост кардааст, ибрози ҳамдардии маънавии ӯ бо мардуми Эронро иблоғ кунад.