Апрел 13, 2020 13:12 Asia/Dushanbe
  • Шикояти як зани амрикоӣ аз Байден ба иттиҳоми озори ҷинсӣ

Як зани амрикоӣ бо ироаи шикоятномае ба додгоҳ, номзади муқаддамотии интихоботи раёсатҷумҳурии Амрикоро ба тааррузи ҷинсӣ муттаҳам кард.

Ба гузориши якшанбеи Нию-Йорк Таймз, Тара Рид дар ин шикоятнома, ки ба Идораи полиси Метрополитени Вашингтон ироа карда, муддаӣ шуд, ки Ҷо Байден- муовини Барак Обама, раиси ҷумҳури собиқ ва номзади муқаддамотии пештози демократҳо барои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, дар соли 1993 дар роҳравҳои Сенат ӯро мавриди озори ҷинсӣ қарор додааст.

Ин зани амрикоӣ дар шикоятномааш навишта, ки ин иттифоқ дар даврае рух дода, ки вай корманди дафтари Байден дар Сенат будааст.

Ин корманди собиқи Сенат мегӯяд: Пештар ба далелҳои амниятӣ ва маҳдудиятҳое, ки дар хусуси тарҳи ин шикоят дошт мавзӯъро фақат ба полис гузориш карда буд, аммо акнун он маҳдудиятҳо мавзӯияте надоранд.

Ин зани амрикоӣ дар мусоҳиба бо Ниюз-Вик далели ифшогарии ин мавзӯъро посухгӯ кардани афрод  дар бораи корҳояшон унвон кард.

Тим Байден изҳороти ин корманди собиқи Сенатро рад кардааст.

Шабакаи хабарии СNN рӯзи якшанбе гузориш дод: Ҷо Байден дар назарсанҷиҳои ҷадиди интихоботи Амрико на танҳо пештози номзадҳои демократ аст балки аз Доналд Трамп- раиси ҷумҳури кунунӣ низ пеш афтодааст.

 

Барчасп