Эътирофи меъмори таҳримҳои Амрико ба дурӯғи муофияти мубодилоти башардӯстона бо Эрон
(last modified 2020-04-13T08:58:43+00:00 )
Апрел 13, 2020 13:58 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи меъмори таҳримҳои Амрико ба дурӯғи муофияти мубодилоти башардӯстона бо Эрон

Депломати маъруф ба меъмори шабакаи таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон, иддаоҳои давлати Трампро бар асоси муофияти мубодилоти колоҳои башардӯстона аз таҳримҳо, беасос хонд.

Ричорд Нефию, мақоми пешини Вазорати умури хориҷаи Амрико, ки аз ӯ ба унвони яке аз тарроҳони аслии таҳримҳои зидди эронӣ ёд мешавад, рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо рӯзномаи Лосанҷлес-Таймз бар нақши таҳримҳо дар ҳароси ширкатҳо, гурӯҳҳо ва кишварҳо аз кумакрасонӣ ба Эрон ва дигар кишварҳои ҳадафи таҳрим ба далели муоф набудани мубодилоти колоҳои башардӯстона аз таҳримҳо эътироф кард.

Нефию гуфт: Ширкатҳои поймолкунандаи таҳримҳо бо ҷаримаҳои сангин мувоҷеҳ мешаванд ва хатари вуруд ба мубодилаи башардӯстона бо Эронро бисёр боло ва суди онро бисёр андак мебинанд; дар натиҷа барои ҳамкорӣ бо Теҳрон хатар намекунанд.

Рӯзномаи Лосанҷлес-Таймз рӯзи якшанбе навишт: Бо он ки давлати Амрико рӯйи коғаз ирсоли кумакҳои башардӯстона аз ҷумла ғизо ва дору ба Эронро аз қавонини таҳримҳо мустасно карда, аммо амалан вазъи мутафовите ҳоким аст.

Ба рағми дархостҳои дохилӣ ва фишорҳои ҷомеаи байналмиллалӣ ба давлати Трамп барои бекор кардан ё коҳиши таҳримҳои Эрон бо таваҷҷуҳ ба шуюи вируси корона, Кохи Сафед ҳеҷ иқдоме дар ин замина анҷом надодааст.

 

Барчасп