Ифшои нақши Амрико дар интишори корона тавассути як озмоишгоҳ дар Ухан
(last modified Mon, 13 Apr 2020 09:19:59 GMT )
Апрел 13, 2020 14:19 Asia/Dushanbe
  • Ифшои нақши Амрико дар интишори корона тавассути як озмоишгоҳ дар Ухан

Пойгоҳи хабарии Дейли мейл дар ифшогарии худ эълом кард: Озмоишгоҳе дар Ухан бо истифода аз пули давлати Амрико боиси интишори вируси корона шудааст.

Пойгоҳи хабарии Дейли мейл дар ифшогарии худ навишт: Як озмоишгоҳ дар кишвари Чин бо истифода аз кумакҳазинаи давлати Амрико, иқдом ба таҳқиқот рӯйи хаффошҳое кардааст, ки ба гуфтаи донишмандон ҳомили вируси корона буданд.

Дейли мейл навишт, пажуҳишгоҳи вирусшиносии шаҳри Ухани Чин бо истифода аз кумаки 3.7 миллион долларии давлати Амрико, рӯйи пистондороне, ки ҳомили вируси корона будаанд, озмоишҳоеро анҷом додааст.

Таркиби гении вируси корона нишон медиҳад, ки ин вирус аз хаффошҳое ёфт шудаанд, ки дар ғори шаҳри Юниони Чин зиндагӣ мекарданд, аммо дар ибтидо гумон бурда мешуд, ки вируси корона дар бозори фуруши ҳайвонот дар Ухан ба инсон мунтақил шудаанд.

Ин ифшогарие, ки  пажуҳишгоҳи вирусшиносии Ухан бо истифода аз пули давлати Амрико ба анҷоми озмоишҳое рӯйи хаффошҳои ҳомили вируси корона пардохтааст, тарсҳои бештареро барангехта, ки озмоишгоҳ ва на бозори фуруши ҳайвонот манбаи шуюи вируси корона будааст.

Гурӯҳҳои фишор дар Амрико сареан ба ин гузориш вокуниш нишон дода ва аз ин ки будҷаи давлати Амрико барои анҷоми озмоишҳои бераҳмона ва хатарнок рӯйи ҳайвонот дар пажуҳишгоҳи Ухан истифода шудааст, шадидан интиқод кардаанд.

Мат Гатз, узви Конгираи Амрико дар ин бора гуфт: Ман аз ин ки солҳо аст давлати Амрико будҷаи озмоишҳои хатарнок ва бераҳмона дар Ухани Чинро таъмин мекунад, ки боиси густариши ҷаҳонии вируси корона шудааст, мунзаҷир мешавам.

Антонио Блотӣ, раиси гурӯҳи фишори "White Coat Waste"-и Амрико давлати кишвари худро ба далели пардохти ҳазинаҳо маҳкум ва тасреҳ кард: Мумкин аст хаффошҳои ҳомили вируси корона пас аз анҷоми озмоишҳо дар озмоишгоҳи Ухан ба бозорҳои фуруши ҳайвонот фурухта шуда бошанд.

Ин озмоишгоҳи вирусшиносӣ ба арзиши 37 миллион доллар, ки дар навъи худ пешрафтатарин озмоишгоҳ шинохта мешавад, дар 20 майлии бозори фуруши ҳайвонот дар шаҳри Ухани Чин қарор дорад.

Бар асоси ҳуҷҷатҳои бадастомада аз рӯзномаи "The mail", донишмандон дар бахше аз прожае, ки тавассути Муассисаи миллии тандурустии Амрико таъмин шудааст, хаффошҳоро озмоиш карданд.

Муассисам миллии тандурустии Амрико, Ожонси аслии давлати Амрико аст, ки масъули таҳқиқоти зистпизишкӣ ва умумии тандурустӣ аст.

Пажуҳишгоҳи  вирусшиносии Ухан дар вебсайти худ номи Муассисаи миллии тандурустии Амрикоро ба унвони шарик овардааст.

Донишмандон дар пажуҳишгоҳи вирусшиносии Амрико ба унвони бахше аз таҳқиқоти Муассисаи миллии тандурустии Амрико, вируси коронаро ба хукчаҳои серӯза тазриқ карданд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки як муассисаи дуввум дар шаҳри Ухани Чин, ки се майл бо бозори фуруши ҳайвонот фосила доштааст, озмоишҳоеро рӯйи ҳайвоноте ҳамчун хаффошҳо анҷом додааст  то битавонад интиқоли вирус тавассути ҷавандагонро баррасӣ кунад.

Пажуҳишгоҳи  вирусшиносии Ухан, ки беш аз 1500 навъ вируси хатарнокро дар худ нигаҳдорӣ мекунад, дар таҳқиқот дар мавриди хатарноктарин патогенҳо махсусан патогенҳои ҳамлшуда тавассути хаффошҳо тахассус дорад.