Апрел 13, 2020 18:35 Asia/Dushanbe
  • 30 ҳазор нафар шумори мубталоён ба корона дар Белгия

Шумори мубталоён ба корона дар Белгия аз 30 ҳазор нафар гузашт.

Ҳамзамон бо афзоиши теъдоди мубталоён ба вируси корона дар кишварҳои аврупоӣ, масъулони дармонии Испания ва Белгия низ аз сабти ҳудуди ҳазор мубталои ҷадид, тайи 24 соати гузашта хабар доданд.

Ба гузориши Форс, дар 24 соати гузашта, 942 мавриди ибтилои ҷадид ба вируси корона дар ин кишвар сабт шудааст.

Ба навиштаи вебгоҳи рӯзномаи "Brussels Times", ҳамчунин аз рӯзи гузашта то кунун 303 нафар бар асар ибтило ба ин беморӣ дар Белгия ҷони худро аз даст додаанд.

Бад-ин тартиб, теъдоди кулли мубталоёни вируси корона дар Белгия ба 30589 нафар ва шумори қурбониёни он, низ ба 3903 нафар афзоиш ёфт.

Дар Испания алорағми коҳиши нисбии теъдоди ҷонбохтагони рӯзона дар канори тадобири ҷиддии пешгиронаи дармонӣ, омори ибтило ба вируси корона дар ин кишвар ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст.

Вазорати беҳдошти Испания дар баёнияе эълом кард, ки тайи 24 соати гузашта, 3477 мавриди ибтилои ҷадид ба вируси корона дар ин кишвар сабт шудааст.

Ба навиштаи вебгоҳи иттилорасонии ин вазоратхона, ҳамчунин аз рӯзи гузашта то кунун 517 нафар бар асари ибтило ба ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд, ки нисбат ба дирӯз шоҳиди коҳиши ҷузъӣ аст.