Апрел 14, 2020 12:05 Asia/Dushanbe
  • Мубталоён ба корона дар ҷаҳон аз 2 миллион нафар гузашт

Бар асоси омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинзи Амрико, теъдоди мубталоён ба вируси корона дар сартосари ҷаҳон аз 2 миллион нафар фаротар рафт.

Ба нақл аз Форс,оморҳои мунташир шуда тавассути Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинзи Амрико нишон медиҳад, ки теъдоди мубталоёни қатъӣ ба вируси КОВИД-19 ба беш аз 2 миллиону 19 ҳазор нафар расидааст.

Ҳамчунин тибқи оморҳои ин марҷаи байналмиллалӣ, теъдоди қурбониёни вируси корона дар ҷаҳон низ ба 119 ҳазор нафар расидааст.

Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки 3 апрел теъдоди мубталоён ба корона дар ҷаҳон аз 1 миллион нафар фаротар рафт ва танҳо зарфи 11 руз ин омор ду баробар шуда ва ба 2 миллион нафар расидааст.

Дар ҳоли ҳозир бештарин теъдоди мубталоён ба корона дар сатҳи ҷаҳон бо беш аз 586 ҳазор нафар мутааллиқ ба Амрико буда ва теъдоди қурбониёни корона дар ин кишвар низ ба беш аз 26 ҳазор нафар расидааст.

Испания бо беш аз 170 ҳазор нафар ва Италия низ бо беш аз 159 ҳазор нафар пас аз Амрико бештарин теъдоди мубталоён ба коронаро дар ҷаҳон доро ҳастанд.