Апрел 15, 2020 09:18 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди карантини саросарӣ дар Ҳинд

Дар пайи густариши вируси корона дар Ҳинд, нахуствазири ин кишвар аз тамдиди карантини саросарӣ дар Ҳинд хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Нарандра Муди рӯзи сешанбе дар нутқи телевизионӣ эълом кард: Карантини саросарӣ дар Ҳинд аз понздаҳуми апрел то севвуми моҳи май тамдид мешавад.

Пеш аз ин, давлати Ҳинд барои коҳиши шуюи вируси корона, карантини саросарии бисту як рӯза, дар ин кишвар эълом карда буд, ки имрӯз чаҳоршанбе ба поён мерасад.

Вазорати беҳдошти Ҳинд низ раванди афзоиши вируси корона дар ин кишварро хатарнок тавсиф ва эълом кард теъдоди беморони коронаӣ ахиран ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Давлати Деҳлии Нав эълом кард: Ин беморӣ метавонад сад миллиард доллар ба иқтисоди Ҳинд хасорат ворид кунад ва ин кишвар ба далели доштани тарокуми ҷамъияти боло беш аз 1.3 миллиард нафар бо хатари зиёде мувоҷеҳ аст.

Бар асоси охарин гузоришҳо , шумори мубталоён ба вируси корона дар Ҳинд 10453 нафар ва фавтиҳо ба 358 нафар расидааст.

 

Барчасп