Гумоназании нав дар бораи маншаи интиқоли вируси Карона ба бадани инсон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i52740-Гумоназании_нав_дар_бораи_маншаи_интиқоли_вируси_Карона_ба_бадани_инсон
Ёфтаҳои нави донишмандон дар Канада аз эҳтимоли интиқоли вируси Каронаи нав аз сагҳои вилгард ба инсон ҳикоят дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 16, 2020 07:10 Asia/Dushanbe
  • Гумоназании нав дар бораи маншаи интиқоли вируси Карона ба бадани инсон

Ёфтаҳои нави донишмандон дар Канада аз эҳтимоли интиқоли вируси Каронаи нав аз сагҳои вилгард ба инсон ҳикоят дорад.

Ба нақл аз Форс, натиҷаҳои як таҳқиқи нав нишон медиҳад Кувиди -19 мункин аст аз тариқи сагҳои вилгарде,ки аз гушти хуфош (куршапарак ) хурдаанд ба инсон мунтақил шуда бошад.

Натиҷаҳои таҳқиқи як зистшиноси канадаӣ нишон медиҳад ин бемори мункин аст ба суръат дар рудаи сагҳое,ки аз гушти хуфошҳои ноқил яке аз аҷдоди Карона вирус тағзия кардаанд такомул ҳосил карда бошад.

Ин таҳқиқ, яке аз тозатарин назарияҳое аст,ки донишмандон дар бораи маншаи ин вирус ироа кардаанд. Каронаи нав аз замони кашф дар Чин дар саро сари дунё мунташир шуда ва беш аз 2 миллион нафарро олуда кардааст .

 Донишмандон мегуянд вируси Каронаи нав ибтидо дар бадани хуфошҳо вуҷуд дошта ва сипас аз тариқи як ҳайвони дигар ба бадани инсон мунтақил шудааст.

Бархе аз назарияпардозон гуфтаанд мор мункин аст мизбони воситаи ин вирус буда бошад ва ин вирус сипас аз тариқи фурушгоҳи дар шаҳри Вуҳон,ки иқдом ба таҳияи ғазо аз гушти ҳайвоноти мухталиф мекунад ба бадани инсон интиқол ёфтааст.

Ин пажуҳиш акнун дар мақолаи нави донишманди канадоӣ рад шудааст . Ӯ ба озмоиш бар рӯи жнувми беш аз 1200 вирус аз хонаводаи Карона вируси нав пардохтааст.