Корона, сеюмин омили маргу мир дар Бритониё
Тибқи охирин оморҳо, корона сеюмин омили маргу мир дар Бритониё дар моҳи гузаштаи милодӣ будааст.
Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, тибқи охирин оморе, ки имрӯз (панҷшанбе) мунташир шуд, вируси корона сеюмин омили маргу ва мир дар моҳи март дар Англия ва Уэлс будааст.
Вазорати беҳдошти Бритониё ҳам эълом кард, ин кишвар дар ҳоли наздик шудан ба давраи авҷи шуюи вируси корона аст.
Ин дар ҳоле аст, ки дафтари омори миллии Бритониё ҳушдор дода, маргу мирҳо бар асари вируси ҷадиди корона аз нимаи моҳи март рушди суудӣ дошта ва интизор меравад, ин омор дар моҳи апрел болотар бошад.
Бар пояи ин гузориш, ду омили нахусти маргу мир дар Бритониё дар моҳи гузаштаи милодӣ, заволи ақл ва бемориҳои қалбӣ унвон шудааст.
Ҳамчунин якпанҷум аз маргҳое, ки бар асари корона дар Бритониё ба сабт расида, дар гурӯҳи синии 80 то 84 сол унвон шудааст.
Дафтар омори миллии Бритониё ҳамчунин эълом карда, ин вирус барои мардон ба мизони ду баробар кушнадатар аз занон будааст.
Тибқи оморҳои расмӣ, Бритониё бо сабти беш аз 98 ҳазору 476 нафар мубтало ба вируси корона, баъд аз Амрико,Испания, Италия, Фаронса ва Олмон рутбаи шашуми мубталоёнро дар миёни кишварҳои ҷаҳон ба сабт расондааст.
Ҳамчунин тибқи оморҳои расмӣ, токунун беш аз 12 ҳазору 868 нафар дар Бритониё бар асари ибтило ба вируси корона ҷони худро аз даст додаанд.