Ҳушдори Оксфам дар бораи иқдоми Трамп зидди Созмони Ҷаҳони Беҳдошт
Созмони хайрияи байналмилалии Оксфам (Oxfam) дар бораи паёмади тасмими Доналд Трамп, мабни бар таваққуфи кумаки молӣ ба Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳушдор дод.
Пойгоҳи хабарии “Democracy Now”, рӯзи панҷшанбе дар гузорише бо ишора ба ҳушдори Оксфам дар бораи паёмади тасмими раиси ҷумҳури Амрико мабни бар таваққуфи кумаки молӣ ба Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт навишт, коршиносони Оксфам пешбинӣ кардаанд, ҳамагирии корона мумкин аст беш аз ниммиллиард нафари дигарро ба сатҳи фақр бирасонад.
Дар ин гузориш омадааст, ки тасмими раисиҷумҳури Амрико дар қатъи кумаки молӣ ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар баҳбуҳаи шуюи корона ҷиноят алайҳи башарият аст.
Оксфам дар тозатарин гузориши худ ҳушдор додааст, аз онҷое, ки ҳамакнун ҳудуди се миллиард нафар дар фақр зиндагӣ мекунанд ва бо сӯи тағзия рӯбарӯ ҳастанд, шуюи вируси корона метавонад маргбор бошад.
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бомдоди чаҳоршанбе бо муттаҳам кардани Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба сӯи мудирият ва пинҳонкорӣ дар буҳрони шуюи корона кумакҳоии молии Амрикоро ба ин созмон мутаваққиф кард.
Раиси ҷумҳури Амрико, ки ба шиддат дар Амрико бобати наҳваи мудирияташ дар хусуси шуюи вируси корона мавриди интиқод қарор гирифта, дар рӯзҳои ахир Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро ҳадафи ҳамалоти лафзии худ қарор додааст.
Иқдоми Трамп дар қатъи будҷаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, бо мавҷи густурдае аз маҳкумиятҳо ва интиқодҳо дар ҷаҳон мувоҷиҳ шудааст.