Дарёфти кумаки ҳимоятии 80 миллион нафар дар Амрико
80 миллион амрикоӣ кумаки ҳимоятӣ дарёфт карданд.
Ба гузориши радиои бурунмрзии Садои Хуросон, раиси ҷумҳури Амрико дар нишасти хабарии худ дар Кохи Сафед гуфт: 80 миллион амрикоӣ бастаи ҳимоятии корона дарёфт карда ва давлати Вашингтон қарор аст 19 миллиард доллар барои кумак ба кишоварзони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар назар бигирад.
Ба гузориши ИСНО, ба нақл аз хабаргузории Спутник, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт: Хазонадории Амрико барои беш аз 80 миллион амрикоӣ бастаи ташвиқӣ ва кумакҳои иқтисодӣ ирсол кардааст.
Ҳамчунин қарор аст бастаи кумакҳои молӣ ба кишоварзон шомили 16 миллиард доллар ба сурати пардохти мустақим ва се миллиард доллар бо унвони харид ва тавзеъи ғизо дар назар гирифта шавад.