Апрел 18, 2020 19:14 Asia/Dushanbe
  • Дархости полиси Ҳинд барои карантини сарони эътирозгарони зиддидавлатӣ

Полиси Ҳинд боздошт ва карантини даҳҳо нафар аз сарони эътирозгарони зиддидавлатӣ ба баҳонаи эҳтимоли мубтало будани ин афрод ба коронаро хостор шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, полиси Ҳинд рӯзи шанбе бо ирсоли додхосте ба мақомоти додситонии ин кишвар хостори боздошт ва карантини 52 нафар аз мусулмононе шуд, ки эътирозоти зиддидавлатиро ҳидоят мекарданд.

Бо ин ҳол, мусулмонон бо радди иддаоҳои полиси Ҳинд эълом карданд: Ҳеҷ кадом аз муътаризон ба вируси корона мубтало нестанд ва ин тавтеае барои бадном кардани мусулмонон дар Ҳинд аст.

Муътаризон таъкид карданд: Неруҳои низомии Ҳинд қасд доранд аз корона алайҳи мусулмонон истифода карда ва онҳоро таҳти фишор қарор диҳанд то алайҳи тасмимоти давлат эътироз накунанд.

Эътирозоти зиддидавлатии Ҳинд, ки пас аз тасвиби қонуни табъизи мазҳабӣ авҷ гирифта буд, ба думболи шуюи корона муваққатан таътил шуд ва сарони эътирозот аз ширкаткунандагон хостанд ба карантини умумӣ эҳтиром гузошта ва аз манзилҳояшон хориҷ нашаванд.

Бо ин ҳол, расонаҳои ҳиндӣ дар талош ҳастанд шуюи корона дар ин кишварро ба мусулмонон нисбат диҳанд.

Бар асоси омори Вазорати беҳдошти Ҳинд, то кунун чаҳордаҳ ҳазор нафар ба корона дар ин кишвар мубтало шуда ва чаҳорсаду панҷову  ду нафар низ ҷон бохтанд.