Апрел 21, 2020 09:53 Asia/Dushanbe
  • Шиддат гирифтани шумори ҷонбохтагони вируси корона дар Туркия

Шумори ҷонбохтагони вируси корона дар Туркия ба ду ҳазору саду чиҳил маврид расид.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Вазорати беҳдошти Туркия эълом кард: Шумори маргу мир бар асари вируси корона дар Туркия бо афзоиши саду бисту се маврид ба ду ҳазору саду чиҳил нафар расид.

То кунун 90 ҳазору 980 нафар низ дар ин кишвар ба вируси корона мубтало шудаанд.

Туркия то кунун дубор тайи ду ҳафтаи гузашта дар таътилоти ду рӯзи охири ҳафта қонуни манъи омадушудро иҷроӣ карда, аммо бар асоси гуфтаи Эрдуғон- раиси ҷумҳури ин кишвар тайи ҳафтаи равон ба далели таътилии рӯзи панҷшанбе, ки ба муносибати Иди миллӣ аст, ин муқаррарот  тӯлонитар ва ба муддати  4 рӯз ба тӯл хоҳад анҷомид.