Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва радди иддаои каронаии Трамп
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бар хилофи иддаоҳои зиддичинии Раиси Ҷумҳурии Америка, маншаи вируси коронаро номушаххас ва эҳтимолан ҳайвоне эълон кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Ерусалим Пост, Такеши Касаи мудири минтааи ғарби уқёнуси Ороми Созмони ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи сешанбе дар як конференсияи матбуотии онлайн гуфт: то ин лаҳза наметавон ба ҷамъбандӣ расид, аммо шавоҳиди мавҷуд маншаи ҳайвонеро барои вируси карона нишон медиҳад.
Доналд Трамп, Раиси Ҷумҳурии Америка дар идомаи иддаоҳои зиддичинии худ дар иртибот бо вируси карона гуфта, ки давлаташ дар талош аст дарёбад, ки оё вируси карона дар озмоишгоҳи шаҳри Вуҳони Чин падид омада ва ба берун роҳ ёфтааст.
Хуан Ҷиминг, ноиби президенти Бунёди Вируси Вухан, чанде пеш иттиҳомро дар бораи дахолат ба вируси корона "як сӯиистифодаи тавтиъа" номидааст ва гуфтааст, ки иддаои Вуҳан дар эҷоди вируси карона гиҷ кардани мардум дар бораи маншаи воқеии ин вирус матраҳ шудааст.
Ҳафтаи пеш ҳам Трамп бо иддаои номуваффақ будани Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар мубориза бо ҳамагирии бемории Ковид-19, кумаки молии кишварашро ба ин созмон мутаваққиф кард.
Аз суи дигар сокинони бахше аз шаҳри Нью-Йорк, ки олудатарин шаҳри Америка аз назари шуюи вируси карона аст, рӯзи душанбе шикоятеро алайҳи Созмони Ҷаҳонии беҳдошт танзим карда ва ин ниҳодро ба кӯтоҳии ошкор дар вокуниш нишон додан ба ҳамагирии Ковид-19 ва ҳамдастӣ бо давлати Хитой муттаҳам карданд.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳанӯз ба ин иқдом вокуниш нишон надодааст.
Дар ҳоли ҳозир наздики ду миллиону 500 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба Ковид-19 мубтало шуда ва аз ин теъдод беш аз 170 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.