Вокуниши Русия ба суқути баҳои нафти Амрико
(last modified Wed, 22 Apr 2020 06:39:05 GMT )
Апрел 22, 2020 11:39 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Русия ба суқути баҳои нафти Амрико

Сухангӯи Кремл гуфт: Суқути баҳои нафти Амрикоро набояд фоҷеа донист чаро, ки даллолони нафтӣ бо ҳадафе хос дар ин бора нақшофаринӣ кардаанд.

Ба нақл аз ИРНО, Димитри Песков- сухангӯи Кохи Кремл, ниҳоди раёсатҷумҳурии Русия, рӯзи сешанбе гуфт: Суқути баҳои нафти Амрико, бозии авомили бурс дар ин кишвар аст.  

Песков афзуд: Мавзӯъ моҳияти комилан даллолона ва тиҷорӣ дорад ва достон ба замони поёни муомилоти бурси нафт барои моҳи майи оянда марбут аст.  

Вай таъкид кард: Бозори воқеии нафт ба тақозо ва арза ва вазъи кишварҳо бастагӣ дорад, аммо дар бурси нафтӣ ҳамачиз ба иқдомоти бозигарони бурсӣ вобастааст, ки баҳои нафтро барои касби даромади молӣ коҳиш медиҳанд.  

Сухангӯи Кремл мегӯяд, баҳои воқеии нафт, суқути чандоне накардааст.  

Нархи нафти Амрико барои муомилоти оянда дар бозори бурс рӯзи душанбе нахустин бор дар таърих, ба зери сифр доллар суқут кард ва дар поёни ҳамон рӯз ба манфии 37.63 доллар дар ҳар бушка расид.