Қадрдонии дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз таваҷҷуҳи мусулмонон ба маҳрумон
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид моҳи Рамазони имсолро ба хотири шуюъи вируси корона мутафовит донист ва аз таваҷҷуҳи мусулмонон ба қишрҳои маҳрум ва осебпазир қадрдонӣ кард.
Ба гузориши ИРНА, Антонио Гутерреш рӯзи ҷумъа дар паёми видеоӣ ба муносибати оғози моҳи мубораки Рамазон, беҳтаринҳоро барои мусулмонони саросари ҷаҳон орзӯ кард.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид афзуд, албатта моҳи Рамазони имсол бисёр мутафовит хоҳад буд, зеро бисёре аз фаъолиятҳои ҷавомеъ ба таври табиӣ таҳти таъсири шуюъи вируси корона ва мубориза бо он қарор хоҳад дошт ва низ бисёре аз мардум дар манотиқи даргир бори дигар ба шакле ғамангез ин моҳро бо ҷангу ноамнӣ пеши рӯ доранд.
Гутерреш бо ибрози таассуф аз ин ки ҳатто пеш аз шуюъи вируси корона дарҳои бисёре дар ҷаҳон ба рӯйи афроди ниёзманди ҳимоят баста шудааст, аз мардум дар саросари ҷаҳони Ислом барои таваҷҷуҳ ба қишрҳои осебпазир қадрдонӣ кард.
Вай бо ишора ба ин ки ахиран хостори оташбаси фаврии ҷаҳонӣ барои тамаркуз бар муқобила бо корона шудааст, гуфт: “Имрӯз ҳам бори дигар бо истинод ба Қуръони муқаддас, ин дархостро такрор мекунам”.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи бештар ба қишрҳои осебпазирро дар саросари ҷаҳон хостор шуд ва барои ҳама раҳмат, ҳамбастагӣ ва утуфатро дар ин замонаи душвор орзу кард.