Раванди рӯ ба афзоиши ибтило ба “Ковид-19” дар Русия
Намудори олудагӣ ба вируси корона ва ибтило ба бемории “Ковид-19” дар Русия ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст.
Ба гузориши “Форс”, маркази мубориза бо шуюъи корона дар Русия рӯзи ҷумъа (24 апрел) эълом кард, сабти панҷ ҳазору 849 мавриди ҷадиди ибтило ба корона тайи 24 соати гузашта рекорди ҷадиде дар омори рӯзонаи мубталоён ба ин вирус дар Русия маҳсуб мешавад.
Бинобар эъломи ин марказ, дар 24 соати мунтаҳӣ ба рӯзи ҷумъа, ҳамчунин 60 бемори мубтало ба корона дар Русия ҷони худро аз даст додаанд.
Тибқи эъломи ин марказ, шумори мубталоёни вируси корона дар Русия имрӯз ба 68 ҳазору 622 нафар ва теъдоди ҷонбохтагон ба 615 тан афзоиш пайдо кард.
Ниҳодҳои дармонии Русия ба унвони яке аз кишварҳое, ки бештарин озмоиши корона дар он анҷом шудааст, то кунун ҳудуди беш аз дувуним миллион тести ибтило ба ин бемориро дар саросари ин кишвар анҷом додаанд.
Бо ин ҳол Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи душанбеи гузашта гуфт, Русия ҳанӯз ба нуқтаи авҷи шуюъи корона нарсида ва вазъи душворе пеши рӯйи ин кишвар аст.