Эъломи ниёзи Русия ба миллиардҳо доллар қарз
(last modified 2020-04-26T05:08:07+00:00 )
Апрел 26, 2020 10:08 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ниёзи Русия ба миллиардҳо доллар қарз

Вазири молияи Русия аз ниёзи ин кишвар ба дарёфти миллиардҳо доллар қарз барои муқобила бо касри будҷа хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Интерфакси Русия, Антон Силуанов- вазири молияи Русия гуфт: Кишвараш барои ҷуброни коҳиши даромадҳои нафтӣ ва гозӣ, ба беш аз як триллион рубл баробар бо 13 миллиарду 440 миллион доллар қарз ниёз дорад.

Силуанов афзуд: Ду триллон рубл барои ҷуброни камбуди даромадҳои бахши нафт ва гоз аз Фонди захираи миллии Русия бардошт мешавад.

Суқути ногаҳонии нархи нафти хоми Амрико дар бурси ин кишвар, ба раванди нузулии арзиши рубли Русия ва саҳоми ширкатҳои мутааддиди нафтии он ки аз ҳудуди як моҳи пеш ба далели ҳамагирии вируси корона оғоз шуда, суръат бахшидааст.

Бонки марказии Русия барои пешгирӣ аз суқути бештари арзиши рубл, арз ба арзиши ҳудуди 15 миллиард рубл ба бозор тазриқ кардааст.

Фонди байналмиллалии пул пешбинӣ кардааст, ки иқтисоди Русия дар соли 2020 ҳудуди 5.5 дарсад кучактар мешавад.

 

Барчасп