Апрел 27, 2020 16:33 Asia/Dushanbe
  • Роҳиби тундрави рус тарафдорони таътилии калисоҳоро нафрин кард

Роҳиб ва раҳбари ибодатгоҳи занон дар минтақаи Урали Русия, тарафдорони бастани калисоҳо ба сабаби густариши корона дар ин кишварро нафрин кард ва аз мардум хост бо шикастани карантин ба хиёбонҳо биёянд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пойгоҳи интернетии Лента.ру, ки ғарбгаро ва мухолифи давлати Русия ба ҳисоб меояд навишт: Роҳиб Сергей- раҳбари ибодатгоҳи занони Середноуралск дар суханоне, ки дар Ютюб мунташир карда гуфт: Иллати аслии бастани калисоҳо буздилӣ ва тарс аст.

Вай пешниҳод кард касоне, ки хостори хонанишинӣ ва иртибот бо калисо ва Худо аз роҳи интернет ҳастанд ба минтақаи Биробиҷон (пойтахти минтақаи худмухтори яҳудиён дар Ховари дури Русия) ё ҷазираҳои Мартиник ё Спиналонги ин кишвар муҳоҷират кунанд.

Ба гуфтаи роҳиб Сергей чунин тасмиме ба поёни шуйюи корона, ки аз назари ӯ вуҷуди воқеӣ надорад, кумак мекунад.

Ин роҳиби калисои прославии Русия ҳамчунин гуфт: Мардум набояд аз полис ваҳшат дошта бошанд ва бояд ба хиёбонҳо биёянд чаро, ки ҳаракати озодона дар хиёбонҳо ҳаққи онон аст.

Чанд рӯзи пеш ҳам Владимир  Дохович- раҳбари калисои прославии Русия дар минтақаи Рогожский гуфт, ки корона тавтеае барои фаромуш кардани Худо аст.

Гуфтанӣ аст аз моҳи март ба дастури патриарх Крил- раҳбари калисои прославии Русия, ҳамаи калисоҳои ин кишвар баста шуда ва пайрувони калисо аз тариқи шабакаи интернетӣ маросимҳои мазҳабии калисоро тамошо мекунанд.