Апрел 30, 2020 10:40 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Иттиҳодияи Аврупо ба ҳамлаи терорристӣ дар Афррин

Иттиҳодияи Аврупо таъкид кард , ҳеҷ тавҷиҳе барои ҳамлаи терорристӣ дар Афррини Сурия вуҷуд надорад ва омилони он, дар баробари иқдоми худ посухгу бошанд.

Ба гузориши хабаргузории Анатолий, Ҷузб Бурел масули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо чоршанбе шаб бо судури баёнияе дар вокуниш ба ҳамлаи терорристӣ ба Афррин зимни ибрози ҳамдардӣ бо қурбониёни ин бомбгузори, аз фарохон Гиер Отто Пидирсен , намояндаи вижаи Дабири кули Созмони Милалли Муттаҳид дар умури Сурия бинобар эълони оташбаси саро сари дар ин кишвар ҳимоят кард.

Дар ин баёния ҳамчунин таъкид шуда, танҳо гузина барои барқарории субот дар Сурия идомаи раванди сиёсӣ бо ҳимояти Созмони Милалли Муттаҳид аст.

Таркиши худрави бомбгузоришуда рӯзи сешанбе дар шаҳри Афррин устони Ҳалаби Сурия, беш аз 20 кушта ва даҳҳо захми барҷо гузошт.

Шаҳри Афррин беш аз ду сол аст,ки таҳти ишғоли артиши Туркия ва гуруҳҳои терорристӣ қарор дорад.

Давлати Сурия бо ишғолгар ва ғайриқонунӣ хондани амалиёти низомии артиши Туркия дар минтақаи Афррин ва дигар минтақаҳои шимолии Сурия, хуруҷи неруҳои артиши Туркия аз хоки Сурияро хостор шудааст.

Барчасп