Тараддуди васоили нақлия, мавзӯи нишасти вузарои ҳамлу нақли кишварҳои туркзабон
Май 02, 2020 13:26 Asia/Dushanbe
Вузарои ҳамлу нақли кишварҳои туркзабон, дар нишасти видеоӣ, вазъияти тараддуди васоили нақлия дар паи хурӯҷи коронавирусро баррасӣ карданд.
Ба нақл аз Форс, вузарои ҳамлу нақли кишварҳои туркзабон, дар нишасти видеоӣ, мавзӯи имкони тараддуди бидуни вақфаи васоили нақлия дар паи хурӯҷи коронавирусро баррасӣ карданд.
Ин нишаст дар чорчӯби ибтикори Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон баргузор шудааст.
Дар ин нишасти видеоӣ вузарои ҳамлу нақли кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Узбакистон, Маҷористон ва ҳамчунин дабири кулли Шӯрои кишварҳои туркзабон ширкат карданд.