Май 02, 2020 18:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор дар бораи саломати бунёнгузори Викиликс дар зиндони Лондон

Номзади бунёнгузори сайти ифшогари Викиликс гуфт: Зиндагии Ҷулиян Асанж дар зиндони Лондон дар шароити карантини корона дар маърази хатар қарор дорад.

Ба нақл аз Рейтерз, Стелла Морис- номзад ва аз аъзои гурӯҳи вакилони мудофеи Ҷулиян Асанж- бунёнгузори сайти ифшогари Викиликс рӯзи ҷумъа дар баёнияе эълом кард: Асанж, ки дар зиндони Белмарш дар ҷануби шарқи Лондон зиндонӣ аст бояд ҳар чи зудтар озод шавад чаро, ки вируси корона дар ҳоли густариш дар утоқакҳои ин зиндон аст.

Асанж апрели 2019 пас аз ҳафт сол ҳузур дар Сафорати Эквадор дар Лондон, дар пайи радди паноҳандгиаш аз сӯи давлати ин кишвар ва ихроҷ аз сафоратхона, ба дасти неруҳои полиси Британия боздошт шуд.

Асанж, ки дар соли 2006 сайти Викиликсро таъсис кард, дар соли 2010 бо интишори тасовири куштори ғайринизомиён ба дасти артиши Амрико дар Ироқ ва Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои байналмиллалӣ қарор гирифт ва дар соли 2012 ҳукми боздошташ содир шуд.

Сайти Викиликс то кунун бисёре аз иттилооти маҳрамона ва асрори дипломатик ва низомии Амрикоро фош кардааст.

 

Барчасп