Кохи Сафед: Амрико Чинро муҷозот мекунад
(last modified Sat, 02 May 2020 13:37:03 GMT )
Май 02, 2020 18:37 Asia/Dushanbe
  • Кохи Сафед: Амрико Чинро муҷозот мекунад

Сухангӯи Кохи Сафед бо такрори иддаоҳои Трамп алайҳи Чин ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи корона гуфт: Амрико дар муҷозоти Чин бисёр ҷиддӣ аст.

Ба нақл аз ИРНО, Кейли Мкенани- сухангӯи ҷадиди Кохи Сафед рӯзи ҷумъа аввали май дар нахустин нишасти хабарии худ пас аз интисоб ба ин симат муддаӣ шуд Чин озмоишгоҳи худро таътил ва иттилоот дар бораи коронаро ба кундӣ ба Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ ироа кард.

Мкенани афзуд: Чин ҳамчунин ба бозрасони тандурустии Амрико иҷоза надод то ба ин иттилоот дастрасӣ дошта бошанд.

Сухангӯи ҷадиди Кохи Сафед  дар посух ба ин савол, ки оё Доналд Трамп барои муҷозоти Чин ба иттиҳоми густариши вируси корона, аз гузинаи иҷрои таърафаҳои ҷадид истифода хоҳад кард ё на, гуфт: Намехоҳам дар ин замина пеш аз раиси ҷумҳур изҳор назар кунам, аммо норизоии Трамп аз Чинро мунъакис месозам ва ҳеҷ чизи махфие дар амалкарди бади Чин дар заминаи муқобила бо вируси корона вуҷуд надорад.

Мунтақидони Трамп мегуянд, ки вай барои раҳоӣ аз фишори дохилии бархоста аз сӯи мудирияти мубориза бо вируси корона, ба фарофиканӣ алайҳи Чин ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ рӯй овардааст.