Май 03, 2020 12:11 Asia/Dushanbe
  • Идомаи буҳрони корона ва исрори Амрико бар муҷозоти Чин

Бо идомаи буҳрони корона ва афзоиши маргу мири ношӣ аз он дар Амрико, Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар ҳамчунон мекӯшад то бо муқасир қаламдод кардани Чин, аз интиқодот ва фишори афкори умумӣ нисбат ба амалкарди худ дар мувоҷиҳа бо корона бикоҳад. Дар ин росто Kayleigh Mcenany, сухангӯи Кохи Сафед мегӯяд, Трамп барои тасмимгирӣ дар бораи муҷозоти Чин, бисёр ҷиддӣ аст.

Шуюи корона дар Амрико ва камбуди имконот ва таҷҳизоти пизишкӣ ва дармонӣ то кунун ҷони беш аз 68 ҳазор нафар аз шаҳрвандони амрикоиро гирифтааст ва ҳамчунон шуюи он дар иёлоти мухталифи ин кишвар идома дорад. Ин мавзӯ сабаб шудааст то интиқодот аз амалкарди Трамп дар қиболи корона афзоиш ёбад. Бисёре аз сиёсатмадорон ва сенаторҳои амрикоӣ, раисиҷумҳуриро ба пинҳонкорӣ ва надоштани иқдоми ба мавқеъ дар қиболи корона муттаҳам карда ва Трампро, масъули марги шаҳрвандони ин кишвар донистаанд.

Бо боло гирифтани интиқодот, Трамп талош кардааст, Чинро омили муқассир дар шуюи вируси корона қаламдод ва иддао кунад, ки ин кишвар бо қарор додан омор ва иттилооти ғайри воқеӣ ва дерҳангом дар ихтиёри Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, дар шуюи бештари корона нақш доштааст. Тайи ҳафтаҳои гузашта Трамп борҳо мақомоти Пекинро омоҷи ҳамалоти лафзии худ қарор додааст. Раисиҷумҳури Амрико ҳамчунин дар иқдоме номаъмул дар буҳбуҳаи буҳрони ҷаҳонии корона, будҷаи Созмони Беҳдошти Ҷаҳониро ба баҳонаи ҳимоят аз Чин қатъ кард. Трамп акнун низ бар муҷозоти Чин исрор дорад.

Трамп иддао мекунад, вируси корона дар озмоишгоҳи Вуҳон сохта шудааст. Трамп гуфт, ки наметавонад далели итминони худашро аз ин, ки чаро фикр мекунад корона дар озмоишгоҳе дар Вуҳон сохта шуда, изҳор кунад, аммо Чин бояд дар бораи ин, ки ин вирус читавр интишор ёфт ва ин, ки оё иштибоҳе рух дода ё амде дар кор будааст, тавзеҳ диҳад.

Иддаои Трамп дар ҳоле аст,ки чанд рӯз қабл Дафтари иттилооти миллии Амрико дар баёнияе эълом кард, шавоҳид дар ихтиёри ин ниҳод ин фарзияро, ки вируси ҷадиди корона сохтаи инсон ё маҳсули як тағйири генетик аст, рад мекунад.

Корона дар Амрико натанҳо ҳамчунон қурбонӣ мегирад, балки рушди иқтисодии ин кишварро ба шиддат коҳиш додааст. Теъдоди фуқаро ва дархосткунандагони бимаи бекорӣ дар Амрико афзоиш ёфтааст. Ин шароит бо таваҷҷуҳ ба наздик шудан ба замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ва талоши Трамп барои пирӯзӣ дар ин интихобот, ҳассосияти хоссе пайдо кардааст. Трамп акнун Чинро дастовезе барои ҷидоли сиёсии худ қарор додааст. Вай мегӯяд, ки Чин талош мекунад то вай дар интихоботи пеши рӯ пирӯз нашавад. Ба эътиқоди Трамп, чиниҳо хоҳон пирӯзии Ҷо Бойден, рақиби демократи ӯ ҳастанд то фишорҳоеро, ки Трамп бар Чин дар заминаи тиҷорат ва дигар масоил ворид мекунад, бардорад ё коҳиш диҳад. Чин ин иттиҳомро рад мекунад.

Чжэн Шуан, сухангӯи вазорати хориҷаи Чин гуфт, интихоботи 3 ноябр як масъалаи дохилӣ ва марбут ба худи Иёлоти Муттаҳида аст ва Пекин умедвор аст амрикоиҳо, Чинро вориди ин бозӣ накунанд.

Агарчӣ  давлати Трамп бисёр талош мекунад то Чинро омили шуюи фоҷиабори корона дар Амрико вонамуд кунад, аммо сӯи мудирияти вай ва давлаташ дар ин замина аз диди ҷомеаи дохили Амрико қобили бахшиш ва чашмпӯшӣ нест. Мунтақидони давлати Амрико дар ин кишвар ҳамчунон мӯътақиданд, ки мақомоти давлатӣ барои тавҷеҳ амалкарди заифи худ дар қиболи шуюи корона ба фарофиканӣ, рӯй овардаанд.

Дар чунин шароите сухангӯи Кохи Сафед бори дигар мавзӯи муҷозоти Чинро тарҳ кардааст, аммо ба назар мерасад аз диди мардуми Амрико Трамп бояд пеш аз муҷозоти Чин, посухгӯи иқдомоти дерҳангом ва но баҷои худ дар қиболи шуюи фоҷиабори корона ва тақсираш дар ҳифзи ҷони шаҳрвандони ин кишвар бошад.

 

Барчасп