Андешамандони араб: Трамп Горбачёви Америка аст
(last modified Mon, 04 May 2020 12:21:03 GMT )
Май 04, 2020 17:21 Asia/Dushanbe
  • Андешамандони араб: Трамп Горбачёви Америка аст

Таҳлилгари саршиноси араб гуфт: Трамп Горбачёви Америка аст ва бо кишвараш коре мекунад, ки Горбачёв бо Шуравӣ кард.

Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдулборӣ Атвон сардабири рузномаи интернетии "Рай Ал-явм"  дар таҳлили ҳафтагии худ таъкид кард, ки таниши бисёр шадиде байни Амрико аз як су ва Чину Русия аз суи дигар ба вуҷуд омадааст,ки махсусан пас аз каронавирус раванди фазоянда хоҳад дошт.

Ба эътиқоди Атвон, нахустин нишонаи ин танишро метавон дар изҳороти бесобиқаи сухангӯи вазорати хориҷаи Русия дид, ки эълом кард Москва ба ҳар навъ ҳамлаи мушакии новҳои Америкоӣ, посухи кӯбандаи ҳастаӣ хоҳад дод. 
 
 Ин таҳлилгари араб афзуд: нишонаи дувуми вуруди киштиҳои неруи дарёии Америка ба ҳарими обҳои сарзамини Чин дар дарёи Чин буд, ки бо вокуниши шадиди Чин рӯ ба рӯ шуд ва севумин нишона низ таниши физояндаи ахири байн Эрон ва Америка дар халиҷи форс аст.

Атвон ҳамчунин гуфт: Трамп аз иқдоми Эрон дар партоби моҳвораи низомии "Нур", бисёр норозӣ ва ваҳшат задааст зеро партоби ин моҳвора, бисёре аз муодилотро дар минтақа тағйир медиҳад. 
 
Атвон бо ишора ба изҳорот ва рафторҳои ғайримасулона ва аҷиби Доналд Трамп, иқдомоти вайро муқаддимаи фурӯпошии Америка донист ва гуфт: «ба эътиқоди ман, Трамп Горбачёви Америка аст. Ҳамон тавр, ки Горбачёв боиси фурӯпошии Шӯравии собиқ шуд ва зери пӯшиши ислоҳот, онро нобуд кард, Трамп ҳамон корро бо Америка мекунад ва боиси фурӯпошии Иёлоти Муттаҳида ва вуқӯи ҷанги дохилӣ дар Америка хоҳад шуд.»

Сардабири "Рай Ал-явм" таъкид кардааст, ки Трамп аз густариши вируси корона ва таъсири он бар иқтисоди Америка ваҳшат задааст ва баид нест, ки дар талош барои хурӯҷ аз буҳрони корона ва беҳбудии шароиташ дар интихобот, моҷароҷӯии низомӣ алайҳи Русия, Чин ё Эрон ба роҳ андозад.

Атвон гуфт: Чин дар ҳоли тавсеаи арзи диҷитолӣ аст, ки метавонад ҷойгузини доллари Америка шавад ва агар Чин ва Русия муттаҳид шаванд ва битавонанд долларро нобуд кунанд, поёни кори Америка хоҳад буд. 
 
 Ин андешаманди араб ҳушдор дод ҷаҳон дар остонаи ҷанги мустақим ва ё ниёбати миёни қудратҳои бузург қарор гирифтааст, ки ба далели ҳузур фард бепарво ва девонае монанди Трамп, мумкин аст ҳар лаҳза рух диҳад.