Даргузашти қории барҷастаи Мисрӣ
Муҳаммад Маҳмуд Ал Таблавӣ ,ки ба аломаи тартил ва тиловати Қурони карим дар Миср шуҳрат дошт, дори фониро видо гуфт.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Ал Табловӣ яке аз машҳуртарин қориёни Қурон дар Миср ,ки шаш даҳа гузашта тиловатҳои зебое аз худ ба ҷой гузошт рӯзи сешанбе дар 86 солагӣ даргузашт.
Муасисаи Алазҳари Миср дар паёми таслиятӣ ба хонавода ва дӯстдорони Ал Табловӣ ва ҳамаи мусалмонон, аз вай ба унвони яке аз мафохири барҷастаи тартил ва тиловат дар Миср ва ҷаҳони ислом ном бурд.
Шайх Муҳаммад Маҳмуд Ал Табловӣ, 14 ноябри соли 1934 дар рӯстое аз тавобеи устони Гизо дар Миср ба дунё омад ва дар даҳаи 1960 ба унвони қории Қурон ба радио ва телевизиони давлатии Миср пайваст. Вай дар 9 солагӣ ҳофизи Қурон шуд ва солҳои ахир довари мусобиқаҳои байналмилаллии ҳифзи Қуронро бар уҳда дошт.