Май 06, 2020 09:52 Asia/Dushanbe
  • Нишони вижа ; ҳадияи Владимийр Путин ба раҳбари Кареяи шимолӣ

Раиси ҷумҳурии Русия барои қадрдонӣ аз Кареяи шимолӣ ва гиромидошти хотираи сарбозони артиши Сурх ,ки дар як даргири дар Кареяи шимолӣ ҷон бохтанд ба раҳбари Кареяи шимолӣ нишони ифтихор эҳдо кард.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Вазири умури хориҷаи Кареяи шимолӣ ин нишони ифтихорро ба ниёбат аз Ким Ҷун Ун аз Александр Мастасгуро сафири Русия дар кареяи шимолӣ дарёфт кард.

Дар соли 1945 артиши Шуравии собиқ ( артиши Сурх ) дар озодсозии шибҳи ҷазираи Карея аз ишғоли неруҳои ҷопонӣ талош кард ва таи он чор ҳазору 700 низомии рус ҷони худро аз даст доданд ,ки аз ин теъдод ҳазору 375 нафар дар Кареяи шимолӣ дафн шуданд.

Расонаҳои ғарбӣ дар рӯзҳои гузашта мудаии даргузашти раҳбари Кареяи шимолӣ шуда буданд аммо Ким Ҷун Ун пас аз чанд рӯз ғайбат, ҳафтаи ҷорӣ дар интизори умумӣ зоҳир шуд.

Овозаҳо дар бораи раҳбари Кареяи шимолӣ баъд аз интишори гузорише дар шабакаи хабарии СИ ЭН ЭН  , қувват гирифт,ки дар он иддао шуда буд Ким Ҷун Ун дар чанд маросими расмӣ ҳузур пайдо накарда ва эҳтимолан бемор аст.

Барчасп