Рейтерз ; Амрико донишманди эрониро озод мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i53380-Рейтерз_Амрико_донишманди_эрониро_озод_мекунад
Хабаргузории Рейтерз гузориш дод интизор меравад Амрико Сирус Аскарӣ донишманди эрониро ,ки дар зиндоне дар Амрико ба Карона мубтало шуд озод кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 06, 2020 05:50 Asia/Dushanbe
  • Рейтерз ; Амрико донишманди эрониро озод мекунад

Хабаргузории Рейтерз гузориш дод интизор меравад Амрико Сирус Аскарӣ донишманди эрониро ,ки дар зиндоне дар Амрико ба Карона мубтало шуд озод кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, як мақоми амрикоӣ ва як мақоми эронӣ ба Рейтерз гуфтанд ,ки Сирус Аскарӣ донишманди эроние ,ки дар зиндони идораи муҳоҷирати Амрико аст пас аз дарёфти муҷавизи пизишкӣ барои тарки Амрико озод хоҳад шуд.

Абулфазл Меҳрободӣ дипламати эроние ,ки муовини бахши ҳофизи манофеи Теҳрон дар сафорати Покистон дар Вашингтон аст, гуфт ; Сирус Аскарӣ 59 сола,ки озмоиши Каронаи Ӯ ҳудуди 10 руӯзи пеш мусбат эълон шуда буд, таҳти муроқибати пизишкии идораи муҳоҷирати Иёлоти Муттаҳида қарор дорад ва дар интизори дарёфти муҷавизи саломатӣ аст.

Бар асоси ин гузориш, сухангуи муҳоҷират ва гумруки Иёлоти Муттаҳида ( I C E ) низ дар гуфтугу бо Рейтерз аз баёни замони мушахас барои озодии донишманди эронӣ худдорӣ карда аммо таъйид кард,ки дар сурате ,ки вай муҷавизи пизишкии мусофиратро дарёфт кунад, иқдомоти эъзоми вай анҷом хоҳад шуд.

Дуктур Сирус Аскарӣ устоди дониши мавод ва муҳандисӣ, дар додгоҳи федерол аз иттиҳоми рабудани асрори тиҷории муртабит бо кораш дар Донишгоҳи Увҳаю табраа шуд, аммо бо ин ҳол идораи муҳоҷирати Амрико вайро ҳамчунон дар зиндон нигаҳ доштааст.

Аскарӣ пештар гуфта буд зиндони Александриё дар Луизиёно ,ки ва онҷо зиндонӣ аст поинтарин сатҳи беҳдошт ва назофатро дорад ва пайваста шумори бештари зиндони ба онҷо оварда мешаванд беон,ки барномае барои коҳиши хатари ибтило ба карона вирус дар кор бошад.