Октябр 04, 2016 10:50 Asia/Dushanbe
  • Авзои ороми шаҳри Қундӯзи Афғонистон

Устондори Қундӯз аз авзои ороми шаҳри Қундӯз, дар шимоли Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории "Пажвок", Асадуллоҳ Амирхел асри дирӯз- душанбе, дар нишасти хабарие эълом кард, ки ҳамлаи Толибон бо муқовимати нерӯҳои амниятӣ ва пуштибонии ҳавоӣ ақиб ронда шуданд ва акнун вазъияти шаҳр дар Қундӯз ба ҳолати оддӣ баргашта аст.

Ба гуфтаи устондори Қундӯз, дар натиҷаи ин даргирӣ, диҳҳо тан аз нерӯҳои Толибон кушта ва ё захмӣ шудаанд.

Сухангӯи устондори Ҳилманд ҳам эълом кард, ки шаҳристони Новаи ин устон, ки дирӯз ба тасарруфи Толибон даромада буд, дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амниятӣ дубора аз тасарруфи ин гурӯҳ хориҷ шудааст.

Вай афзуд, дар ҷараёни даргириҳо Аҳмадшоҳ Солим, фармондеҳи полиси Ҳилманд ҳамроҳ бо ду тан аз нерӯҳои полис кушта ва 9 сарбози дигар низ захмӣ шудаанд.