Май 07, 2020 16:37 Asia/Dushanbe
  • Нигарониҳо аз истифодаи артиши Амрико аз ҳашрот барои интишори вирус

Нигарониҳо дар бораи ин ки артиши Амрико аз ҳашарот ба унвони навъи ҷадиде аз силоҳи биологӣ истифода мекунад, афзоиш ёфтааст.

Дар таърихи 4 октябри соли 2018 рӯзномаҳои англисии “The Sun” ва “Independent” дар гузоришҳое аз барномаҳои ҷанги микробӣ ва вирусии артиши Амрико навиштанд, нигарониҳо дар бораи ин ки артиши Амрико ҳашаротро ба унвони навъи ҷадиде аз силоҳи биологӣ истифода мекунад ва боиси интишори вирусҳо мешавад, афзоиш ёфтааст.

Ожонси тарҳҳои таҳқиқотии пешрафтаи дифоии Америко (DARPA), ки созмони низомии Амрикоӣ аст, барномаеро бо номи "Муттаҳидони ҳашра" иҷро кард. Дар он бо истифода аз малахҳо ва магасҳо захираи ғизоии мардумро таъмин мекард. Дар зоҳир ҳадафи ин барнома муқобила бо таҳдидоте назири хушксолӣ, офоти маҳсулот ва биотерроризм бо истифода аз ҳашароте, ки гиёҳонро ба вирусҳо олуда мекунанд, то дар муқобили хатарҳои инчунинӣ муқовим шаванд, буд, аммо дар мақолае, ки дар нашрияи "The Journal Science" мунташир шуд, гурӯҳе аз донишмандон ва ҳуқуқдонон нигарониҳоеро дар бораи истифода аз ҳашарот ба унвони силоҳ иброз карданд. Феликс Бек, яке аз нависандагони ин мақола ва аз ҳуқуқдонони Донишгоҳи Фрейбург ба “Индепендент” гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба низомӣ будани Ожонси тарҳҳои таҳқиқотии пешрафтаи дифоии Амрико мо бо тааҷҷуб дарёфтем, ки ин мавзӯъ рӯшан ва ҷанбаҳои дугонаи ин таҳқиқот таваҷҷуҳи андакеро ба худ ҷалб кардааст.

Дар ҳамон замон мақомоти амрикоӣ ин нигарониҳо ва истифодаи дугона аз натоиҷи ин таҳқиқотро рад карданд.

Албатта, пойгоҳи хабарии "Дейли мейл" дар ифшогарии худ эълом кард, озмоишгоҳе дар Вуҳан бо истифода аз пули давлати Амрико боиси интишори корона шудааст. “Дейли мейл" навишт, Муассисаи вирусшиносии шаҳри Вуҳани Чин бо истифода аз кумаки 3.7-миллиондолларии давлати Амрико рӯй пистондороне, ки ҳомили вируси корона будаанд, озмоишҳоеро анҷом додааст. Гени вируси корона нишон медиҳад, ки ин вирус аз хаффошҳо ёфт шуд, ки дар ғоре дар яке аз минтақаҳои Чин зиндагӣ мекарданд, аммо дар ибтидо гумон бурда мешуд, ки вируси корона дар бозори фурӯши ҳайвонот дар Вуҳан ба инсон мунтақил шудааст.

Ин ифшогарие, ки Муассисаи вирусшиносии Вуҳан бо истифода аз пули давлати Амрико ба анҷоми озмоишҳо рӯйи хаффошҳои ҳомили вируси корона пардохтааст, тарсҳои бештареро барангехта, ки озмоишгоҳ манбаи густариши вируси корона будааст, на бозори фурӯши ҳайвонот.