Муздури амрикоӣ: Қасди ҳамла ба кохи раёсатҷумҳурии Венесуэларо доштем
(last modified Sat, 09 May 2020 08:24:06 GMT )
Май 09, 2020 13:24 Asia/Dushanbe
  • Муздури амрикоӣ: Қасди ҳамла ба кохи раёсатҷумҳурии Венесуэларо доштем

Дуввумин муздури амрикоии ширкаткунанда дар барномаи рабудани раисҷумҳури Венесуэла шарҳ дод, қасди онҳо ҳамла ба кохи раёсатҷумҳурӣ будааст.

Иден Бери, дуввумин муздури амрикоии дастгиршуда дар Венесуэла эътироф кард, қасди ӯ ва ҳамдастонаш ҳамла ба кохи раёсатҷумҳурӣ ва рабудани Николас Мадуро будааст.

Ба нақл аз Форс, Бери дар эътирофоте, ки аз телвизиони Венесуэла пахш шуд гуфт, гурӯҳи онҳо бо ду қоиқи моҳигирӣ вориди кишвар шуда буданд ва ҳадафи аслии онҳо, ҳамла ба кохи раёсатҷумҳурӣ буд.

Пеш аз Бери, Люк Денман, муздури амрикоии дигаре, ки дар ин амалиёти нофарҷом ширкат карда ва дастгир шуда буд, гуфт, қасди онҳо рабудани Мадуро ва интиқоли вай ба Амрико буда, аммо ин, ки чӣ гуна мехостанд раисҷумҳури Венесуэларо бирабоянд, ҳарфе назада буд.