Май 10, 2020 11:55 Asia/Dushanbe
  • 2021, тавлиди қудратмандтарин силоҳи ҷаҳон дар Русия

Русия пас аз тавлиди сомонаи дифои ҳавоии С -500 ба сомонаи силоҳи мунҳасир ба фард дар ҷаҳон даст пайдо мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, таҳлилгарони хориҷӣ муътақиданд, ки Русия дар соли 2021 қудратмандтарин силоҳро дар ҷаҳон дар инҳисори худ хоҳад дошт.

Неруҳои мусаллаҳи Русия бояд то соли 2021 ба сомонаи дифои ҳавоии С-500 даст ёбанд, ки ин сомона дар муқоиса бо насли пешини он аз ҳамаи назар иртиқо ёфтааст.

Бар асоси ин гузориш, вижагиҳои расмии тактикии С- 500 комилан маҳрамонааст бо ин ҳол ба гуфтаи расонаҳо, ин сомона метавонад аҳдоферо то масофати 600 километр раҳгирӣ кунад ва ҳамзамон 10 ҳадафи болистикро, ки бо суръати 20 баробари суръати савт дар ҳаракат аст, ҳадаф қарор диҳад.

Ин сомона метавонад ҳамаи навъи ҳавопаймо, болгард, мушаки болистик ва моҳвора дар мадори поинро раҳгирӣ карда ва ҳадаф қарор диҳад.

Пешбинӣ мешавад, ки Русия ин технологиро барои худ нигаҳ дошта ва аз фуруши он худдорӣ кунад.

 

Барчасп