Май 11, 2020 13:47 Asia/Dushanbe
  • 9 қурбонӣ дар сухтори хонаи пиронсолон дар Маскав

Дар сухтор дар як маркази ғайридавлатии нигаҳдории пиронсолони бемор дар ҳумаи Маскав 9 нафар кушта ва 9 тан низ маҷрӯҳ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Ал-Олам, Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия эълом кард: Сухтор бомдоди имрӯз (душанбе) дар маркази нигаҳдории пиронсолони бемор ба номи "Афтарой дом" дар шаҳри Красноярск дар ҳумаи Маскав рух додааст.

Иллати сухтор, беэҳтиётӣ эълом шудааст.

Ҳангоми сухтор 37 нафар дар маркази нигаҳдории пиронсолон ҳузур доштанд, ки ҳашт нафар аз онон аз кадри хидматрасонии ин маҷмӯа будаанд.

Шанбешаб низ як бемористон дар Маскав, ки ба беморони мубтало ба коронавирус ихтисос ёфта буд дучори сухтор шуд ва як нафар дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст дод.