Тавофуқи Ашраф Ғанӣ бо Абдуллоҳ
(last modified 2020-05-12T06:13:17+00:00 )
Май 12, 2020 11:13 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Ашраф Ғанӣ бо Абдуллоҳ

Ашраф Ғанӣ бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба тавофуқ расид.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНО, яке аз манобеи кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон гуфт: Абдуллоҳ Абдуллоҳ, мудири собиқи иҷроии давлати Афғонистон дигар тасмимоти мақомҳои Афғонистонро ба чолиш намекашад ва вато намекунад ва Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурӣ аз сӯи вай ба расмият шинохта мешавад.

Ба гуфтаи ин манбаи огоҳ, Абдуллоҳ дар раванди сулҳ нақши раҳбарӣ хоҳад дошт ва нақши вай дар дохили давлат низ баъдан эълом мешавад.

Ҳам Ашраф Ғанӣ ва ҳам Абдуллоҳ Абдуллоҳ пас аз интихоботи раёсатҷумҳурии мавриди муноқишаи сентябри гузашта худро раиси ҷумҳури Афғонистон медонистанд.

Ашраф Ғанӣ маҷбур шуд то бо Абдуллоҳ, ки акнун масъули ниме аз мақомҳо дар кабинаи вазирон хоҳад буд, мувофиқат кунад.

Ин манбаи огоҳ дар кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон ҳамчунин гуфт: Ду тараф қарор аст дар рӯзҳои оянда тавофуқи иштироки қудратро имзо кунанд.