Май 12, 2020 18:20 Asia/Dushanbe
  • Марги панҷ бемори короноӣ дар оташсӯзии бемористоне дар Русия

Панҷ беморони короноӣ бар асари сӯхтор дар як бемористон дар Санкт-Петербурги Русия ҷони худро аз даст доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, бемористони Виберг дар шаҳр Санкт-Петербурги Русия барои беморони короноӣ ихтисос ёфтааст ва қурбониёни ин ҳодиса аз беморони бахши муроқибатҳои вижа буданд. 
 
 Бинобар эъломи мақомоти имдоди Русия, ҳудуд 150 нафар аз ин ҳодиса наҷот дода шуданд. 
 
 Сухангӯи вазорати хадамоти изтирории Русия гуфт: оташсӯзи масоҳате ба андозаи 10 метри мураббаъро даргир карда буд. 
 
 Гуфта мешавад нақси таҷҳизоти электирикӣ омили аслии ин оташсӯзи будааст. 
 
 Ду рӯз пеш низ бемористоне дар шимоли Москва дучори оташсӯзи шуд ва бар асари он дасти кам як нафар ҷони худро аз даст дод. 
 
 Токунун дар Русия беш аз 221 ҳазор нафар мубтало ба вируси корона шиносоӣ шудааст ва беш аз ду ҳазор нафар низ дар ин кишвар бар асарт КОВИД- 19 ҷони худро аз даст додаанд