Май 13, 2020 17:04 Asia/Dushanbe
  • Дархости Амрико аз Тел-Авив барои мамониат аз сармоягузории чиниҳо

Бархе мақомҳои амрикоӣ мегӯяанд, ки Вашингтон аз режими саҳюнистӣ хоста то аз афзоиши сармоягузории Чин дар Фаластини ишғолӣ ҷилавгирӣ кунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, давлати Амрико пеш аз сафари Майк Помпео- вазири умури хориҷаи худ ба Фаластини ишғолӣ, аз режими саҳюнистӣ хоста то дар қарордоди  ҳамкории эҳтимолӣ бо Чин ҷиҳати сохти таъсисоти обширинкунӣ, бознигарӣ кунад.

Бар ин асос, ширкати байналмиллалии оби Ҳочисон, ки таҳти моликияти Гонконг қарор дорад, яке аз ду ширкате аст, ки барои касби қарордоди  1.5 миллиард  долларии сохту идораи 25 солаи таъсисоти обширинкуни нав дар Фаластини ишғоли рақобат мекунад.

Шабакаи 13 телевизиони режими саҳюнистӣ низ гузориш дод: Помпео қасд  дорад  дар ин сафар ба масъулони исроилӣ дар бораи афзоиши сармоягузории давлати  Чин дар Фаластини ишғолӣ ҳушдор диҳад.

Ин шабака ба нақл аз як мақоми амрикоӣ навишт: Мухолифати Иёлоти Муттаҳида бо ҳузури Чин дар Исроил, баъд аз рафтори онҳо дар мавзӯи шуйюи коронавирус, афзоиш ёфтааст. Чиниҳо талош мекунанд  ҷаҳониёнро битарсонанд ва мо талош мекунем иқдомоти онҳоро ақиб биронем.