Май 14, 2020 10:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҷангандаҳои Иттилофи мутаҷовизи Саудӣ ба устони Саъда Ҳуҷаи Яман

Ҷангандаҳои Иттилофи мутаҷовизи Саудӣ бомдоди рӯзи панҷшанбе чанд бор минтақаҳоеро дар устони Саъда ва Ҳаҷаи Яман мавриди ҳамла қарор доданд.

Ба нақл аз Форс , ҷангандаҳои Саудӣ ҳамчунин се бор минтақаи Алаббас дар устони Ҳаҷҷаи Яманро ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор доданд.

Ин ҳамлаҳо дар ҳоле анҷом мешавад ,ки даргириҳо миёни неруҳои давлати мустаъафи Яман муттаҳиди Арабистони Саудӣ бо Шурои интиқолии ҷунуб дар устонҳои ҷанубӣ ҳамчунон идома дорад.

Тақобул миёни давлати мустаъаф ва Шурои интиқолӣ аз 26 моҳи апрели гузашта шидат гирифтааст , замоне,ки Шурои вазъияти худмухтори дар устонҳои ҷануби эъмол карда шуд ва бо мухолифатҳои дохилӣ ва хориҷӣ рӯ ба рӯ шуд.

Давлати мустаъафи Яман ва Шурои интиқолии ҷануб дар панҷи моҳи ноябри гузашта тавофуқеро дар Риёз ба имзо расонданд. Аммо ин тавофуқ натавонист ба вазъияти ҷануби Яман сару сомон диҳад ба хусус ,ки Шурои интиқолӣ хостори ҷудо шудани ҷунуби Яман аз шимоли ин кишвар аст.