Байден: Раисҷумҳур шавам Трампро афв намекунам
https://parstoday.ir/tg/news/world-i53658-Байден_Раисҷумҳур_шавам_Трампро_афв_намекунам
Номзади Ҳизби демократ барои интихоботи раёсати ҷумҳурии имсоли Амрико гуфт, дар сурати пирӯзӣ Трампро афв намекунад то ба муҷозоти иқдомоти хилофи қонунаш бирасад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 15, 2020 14:11 Asia/Dushanbe
  • Байден: Раисҷумҳур шавам Трампро афв намекунам

Номзади Ҳизби демократ барои интихоботи раёсати ҷумҳурии имсоли Амрико гуфт, дар сурати пирӯзӣ Трампро афв намекунад то ба муҷозоти иқдомоти хилофи қонунаш бирасад.

Ба гузориши ИРНА, Ҷо Байден, номзади Ҳизби демократ барои интихоботи раёсатиҷумҳурии 2020 –и Амрико, ки шаш моҳи дигар баргузор хоҳад шуд, рӯзи панҷшанбе дар як барномаи онлайн дар шабакаи хабарии Эн Би Си ин мавзӯро дар посух ба пурсиши яке аз ширкаткунандагон гуфт.

Ширкаткунандае аз Байден пурсида буд, ки оё вай дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, мисли Ҷералд Форд, раисҷумҳурии пешини Амрико, ки Ричард Никсонро пас аз истеъфояш ба далели истезоҳ ба хотири расвоии Вотергейт афв кард то кишвар аз он буҳрон убур кунад, Трампро афв хоҳад кард ё на.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико соли гузашта ба иттиҳоми таҳти фишор қарор додани раисҷумҳури Украина барои таҳқиқот алайҳи писари Байден, дар Маҷлиси намояндагони Амрико бо ду иттиҳом истезоҳ шуд, аммо маҷлиси сенат пас аз он Трампро озод кард.

Байден гуфт, Трампро афв намекунад ва ҳар гуна тасмимгирии қазоиро барои замоне нигаҳ медорад, ки Вазорати додгустарии Амрико ба гуфтаи ӯ “мустақил” шуда бошад.

Номзади демократҳо гуфт, ҳаргиз надидааст, ки дар Амрико вазорати додгустарӣ мисли он чӣ имрӯз, дар даврони раёсати ҷумҳурии Трамп рӯй медиҳад, ба худфурӯшӣ олуда шуда бошад.

Вазорати додгустарии Амрико ба тозагӣ дар тасмимҳои ҷанҷолбарангез, истиқлоли ин ниҳоди қазоиро зери суол бурда ва гумони дахолати Трамп дар тасмимгириҳои қазоиро тақвият кардааст.