Май 15, 2020 21:15 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Пекин ба таҳдиди Амрико барои қатъи комили равобит бо Чин

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин ба таҳдиди раисҷумҳури Амрико барои қатъи комили равобит бо Пекин вокуниш нишон дод.

Ба гузориши “Рейтерз”, Жао Ли Ҷиан рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарӣ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, қатъи равобити Вашингтон бо Пекин ба зарари Амрико аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин афзуд, Амрико дар ҳоли тавтеаи чинӣ зидди Пекин дар бораи вируси корона аст.

Изҳороти зиддичинии мақомоти амрикоӣ бо мавзӯи вируси корона боиси тирагии бештари равобити Амрико ва Чин шудааст то ҷое, ки Доналд трамп дар мусоҳибае гуфт, давлати Амрико дар баробари Чин гузинаҳои бисёре, аз ҷумла қатъи комили равобит дорад.

Мақомоти давлати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар рӯзҳои ахир борҳо Чинро ба пинҳонкорӣ дар бораи шуюъи вируси корона муттаҳам карда ва муддаӣ шуданд, ки вируси корона дар озмоишгоҳе дар Вуҳони Чин сохта шудааст.

Пекин ин иддаоро ба шиддат рад мекунад.

 

Барчасп