Коронавирус ба кохи нахуствазирии Покистон расид
Расонаҳои Покистон эълом карданд: Озмоиши коронавируси чаҳор нафар аз аъзои кохи нахуствазирии ин кишвар мусбат будааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНО, расонаҳои покистонӣ бомдоди якшанбе ба нақл аз манобеи огоҳ гузориш доданд кормандони олуда ба вируси КОВИД-19 карантин шуда ва ба думболи он тамомии тадбирҳои эҳтиётӣ дар дохили кохи нахуствазирӣ иҷро шудааст.
То кунун раиси Маҷлиси Покистон, ҳукмрони иёлати Синд, чанд тан аз намояндагони маҷлисҳои миллӣ ва иёлатӣ ва ду нафар аз вазирони давлатҳои иёлатии ин кишвар коронавирус гирифта буданд, ки ҳамаи онон пас аз карантин ва гузарондани раванди дармон, беҳбуд ёфтанд.
Имрон Хон- нахуствазири Покистон 23 апрели гузашта озмоиши коронавирус дод, ки натиҷаи он манфӣ эълом шуд.
Пас аз таиди мубтало шудани раиси як бунёди хайрияи Покистон ба коронавирус, ки бо нахуствазири ин кишвар дидор карда буд, Имрон Хон тасмим ба анҷоми озмоиши коронавирус гирифт.
Бар асоси охирин иттилооти Ситоди амалиёт ва мудирияти мубориза бо коронавирус дар Покистон, 38 ҳазору 799 нафар дар ин кишвар ба коронавирус олуда шуда, 10 ҳазору 880 нафар беҳбуд ёфта ва 834 бемор низ ҷони худро аз даст додаанд.