Май 17, 2020 11:50 Asia/Dushanbe
  • Боздошти аслитарин муттаҳами наслкушии Руанда

Вазорати додгустарии Фаронса аз боздошти аслитарин муттаҳами наслкушии Руанда (Rwanda) хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Евра-Ниюз, Вазорати додгустарии Фаронса эълом кард: Филисиен Кабуга (Félicien Kabuga) гумонбари аслии наслкушии Руанда, ки аз 26 соли пеш фирорӣ  буд, дар атрофи Париж боздошт шуд.

Бар асоси эъломи Вазорати додгустарии Фаронса, Кабуга бо номи қалбакӣ дар бинои истиқоматие дар атрофи Париж зиндагӣ мекард, ки маъмурони полис ӯро шиносоӣ ва боздошт карданд.

Ҷанги байни ҳутуҳо ва тутсиҳо ду қавмияти аслии Руанда, дар оғози даҳаи 1990 оғоз шуд ва Филисиен Кабуга, ки яке аз сарватмандони ҳуту буд муттаҳам аст бо таъмини молии ниманизомиён, дар куштори ҳудуди 800 ҳазор тан тайи сад рӯз даст доштааст.

Наслкушии Руанда шашуми апрели 1994 оғоз шуд ва беш аз се моҳ тӯл кашид.

Девони байналмиллалии кайфарӣ дар соли 1997 Филисиен Кабугаро ба таври расмӣ ба наслкушӣ ва шаш ҷинояти дигар муттаҳам кард ва қарор аст вай ба ин иттиҳомот муҳокима шавад.