Имзои тавофуқномаи байни Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ
(last modified Sun, 17 May 2020 14:12:02 GMT )
Май 17, 2020 19:12 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи байни Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Манобеи афғон аз имзои тавофуқномаи сиёсӣ байни Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ хабар доданд.

Садиқ Садиқӣ, сухангӯи арги раёсатҷумҳурии Афғонгистон рӯзи якшанбе дар твите, аз имзои тавофуқномаи сиёсӣ байни Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ду рақиби аслии интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон хабар дод.

Ҳарчанд аз ҷузъиёти ин тавофуқнома гузориши расмӣ мунташир нашудааст, аммо дирӯз расонаҳои Афғонистон ба гумоназанӣ дар бораи ҷузъиёти ин тавофуқ пардохта буданд.

Расонаҳои Афғонистон рӯзи шанбе эълом карда буданд, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раҳбари Шӯрои олии мусолиҳаро бо 5 муовин бар ӯҳда хоҳад гирифт, ки бар асоси он, ду муовин аз сӯи тими интихоботи Субот ва ҳамгироӣ хоҳанд буд ва муовинони дигари ин шӯро, бо машварати Ашраф Ғанӣ муаррифӣ мешаванд.