Кумаки мусулмони 100 сола ба беморони коронаӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i53738-Кумаки_мусулмони_100_сола_ба_беморони_коронаӣ
Мусулмони 100 сола бо иқдоми намодини худ 90 ҳазор доллар барои кумак ба дардмандони коронавирус ҷамъоварӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 18, 2020 04:23 Asia/Dushanbe
  • Кумаки мусулмони 100 сола ба беморони коронаӣ

Мусулмони 100 сола бо иқдоми намодини худ 90 ҳазор доллар барои кумак ба дардмандони коронавирус ҷамъоварӣ кард.

Ин мусулмони бангладешитабор муваффақ шуд бо 100 бор қадам задан атрофи хонаи худ дар Англия 90 ҳазор доллар барои мубталоёни бемории коронавирус ҷамъоварӣ кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мусулмони садсолаи англисӣ дар ҳоле, ки рӯза гирифта буд, барои ҷамъоварии кумаки молӣ барои қурбониёни коронавирус, атрофи боғи худро 100 бор давр зад ва бо дархости кумак аз обирон муваффақ шуд даҳҳо ҳазор доллар барои осебдидагони бемории коронавирус ҷамъоварӣ кунад.

Дабир Алчодури бо илҳом аз куҳнасарбози англисие, ки дар солгарди таваллуди 100 солагии худ сад бор атрофи хонаи худро қадам зад, ин корро кард.

Вай дар 1 январи 1920 дар Бангладеш ба дунё омадааст ва дар соли 1957 барои мутолеаи адабиёти англисӣ ба Лондон нақли макон кард. Чодури ҳамакнун худашро дар манзил карантин карда ва ҳудуди 2 моҳ аст, ки танҳо зиндагӣ мекунад.