Маҳкум кардани барафроштани парчами ҳамҷинсбозон дар Бағдод аз сӯи парлумони Ироқ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i53787
Парлумони Ироқ барафроштани парчами ҳамҷинсбозон дар Бағдодро маҳкум кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 19, 2020 10:45 Asia/Dushanbe
  • Маҳкум кардани барафроштани парчами ҳамҷинсбозон дар Бағдод аз сӯи парлумони Ироқ

Парлумони Ироқ барафроштани парчами ҳамҷинсбозон дар Бағдодро маҳкум кард.

Парлумони Ироқ иқдоми бархе аз сафоратхонаҳои ғарбӣ дар барафроштани парчами ҳамҷинсбозон дар шаҳри Бағдодро маҳкум кард ва аз Вазорати умури хориҷаи Ироқ хост бо ин иқдом бархурд кунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, парлумони Ироқ иқдоми бархе аз кишварҳои ғарбӣ дар истифода аз парчам ва намоди ҳамҷинсбозон дар шаҳри Бағдод, пойтахти ин кишварро маҳкум кард.

Кумитаи равобити хориҷии парлумони Ироқ  бо судури баёнияе расман иқдоми сафоратхонаҳои Англия, Иттиҳодияи Аврупо ва чанд кишвари дигар дар барафроштани парчами ҷараёни мунҳарифи ҳамҷинсбозҳоро маҳкум ва онро иқдоме алайҳи тамомияти арзӣ ва урфи иҷтимоӣ ва ақидаҳои мазҳабии мардуми Ироқ донист. Ин кумита аз Вазорати умури хориҷаи Ироқ хост бархурди лозимро бо ин сафоратхонаҳо дошта бошад.

Сафорати Иттиҳодияи Аврупо дар Твиттер эълом кард, ки ба ҳамроҳи сафоратхонаҳои Англия ва Канада ва дигар ҳайатҳои Иттиҳодияи Аврупо дар нуқтаҳои ҷаҳон иқдом ба насб ва барафрошта кардани парчами ҳамҷинсбозон дар қароргоҳи сафоратхонаҳои мазкур дар шаҳри Бағдод кардааст.