Роҳкори мутафовити Афғонистон барои ҳимоят аз Қудс дар сояи Корона
(last modified Wed, 20 May 2020 09:52:12 GMT )
Май 20, 2020 14:52 Asia/Dushanbe
  • Роҳкори мутафовити Афғонистон барои ҳимоят аз Қудс дар сояи Корона

Афғонистон дар остонаи рӯзи Қудс ва бо таваҷуҳ ба густариши рӯзафзуни вируси Корона, роҳкори мутафовитеро барои ҳимоят аз Фаластин ва Қудси шариф дар пеш гирифтааст.

Ба нақл аз ИРНА, ин рӯзҳо дар минтақаҳои пурҷамъият ва майдонҳои серодам ва пкр рафтуомади шаҳрҳои Кобул , Ҳирот, Нангарҳор , Бадахшон , Форёб ва Мазори шарифи Афғонистон тасвирҳои раҳбарони ҷиҳодии сиёсии ин кишвар ҳамроҳ бо шиорҳои ҳимоят аз Қудс ва Фаластин дар маърази диди мардум қарор дода шудааст.

Шуморе аз олимони динӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғи густардаеро дар ҳимоят аз Қудс ва Фаластин ба роҳ андохтаанд зеро бо таваҷуҳ ба густариши вируси Корона маросими расмии рӯзи ҷаҳонии Қудси имсол дар Афғонистон низ баргузор нахоҳанд шуд.

Муҳаммад Акбарӣ раҳбари Ҳизби Ваҳдати миллии исломии Афғонистон мегуянд мусалмонон бояд дар ҳамаи арсаҳо бо ҳаргуна кумаки молӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ барои ҳимоят аз мардуми мусалмон ва муҷоҳиди Фаластин иқдом кунанд.

Мардуми мусалмони Афғонистон бовар доранд ,ки Қудс қалби Фаластин ва ислом аст ва рӯзи Қудс, рӯзи мубориза бо зулм аст.